ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд фаромадани тарма пешгӯӣ карда мешавад, хабар дод Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон.
Ба иттилои Ожонс, дар доманакӯҳҳои навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест.
Дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад, изҳор доштанд ҳавошиносон.
Таъкид шудааст, ки дар шимоли Тоҷикистон низ ҳаво тағйирёбанда ва асосан бебориш мешавад. Дар баъзе навоҳии Суғд тормеғ фаромада, ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм , рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Ҳамчунин дар вилояти Хатлон низ ҳаво бебориш буда, дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм дар назар аст.
Танҳо шабона дар бархе аз минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии навоҳии тобеи марказ бориши сусти борон ва барф пешгӯӣ мешавад. .Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзна 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм дар назар аст.
Ҳавои шаҳри Душанбе низ тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, шабона 4+6 дараҷа гарм, рӯзона 15+17 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.