ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. "Ҷоми Наврӯз - 2022" барои футболбозони Қирғизистон бидуни натиҷа анҷом ёфт. Дар бозии ниҳоӣ барои зинаи сеюм ин даста аз футболбозони тоҷик шикаст хӯрд.
Ҳамин тариқ, тими Тоҷикистон зинаи сеюми "Ҷоми Наврӯз - 2022" - ро азхуд кард. Голи ягонаи пирӯзиоварро дар дақиқаи 54-уми бозӣ Парвизҷон Умарбоев аз пеналтӣ ба самар расонид.
Бояд гуфт, бозии тими Тоҷикистону Қирғизистон дар варзишгоҳи марказии вилояти Намангон доир шуд.
Қаблан дар бозии нахустини ниманиҳоӣ мунтахаби миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Уганда вориди майдон шуда, вақти асосии бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт, аммо дар задани силсилазарбаҳои пеналтӣ барои муайян кардани ғолиб бо ҳисоби 4:5 дучори шикаст шуд.
Шоми рӯзи 29 март тими Ӯзбекистон ва Уганда дар финал барои дарёфти "Ҷоми Наврӯз-2022" қувва месанҷанд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми Наврӯз-2022" санаи 25 март дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Уганда оғоз ёфта то рӯзи 29 март идома мекунад.