ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Вазифаҳои асосии амалиёти низомии махсуси Русия дар Украина асосан анҷом ёфтанд, мегӯяд, вазири дифои Русия Сергей Шойгу.
Ба гуфтаи вай, ин имкон медиҳад, ки талошҳои асосӣ барои расидан ба ҳадафи асосӣ – озодкунии Донбасс равона карда шавад.
"Дар маҷмуъ вазифаҳои асосии марҳилаи аввали амалиёт анҷом ёфтанд. Иқтидори ҷангии қувваҳои мусаллаҳи Украина ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфт, ки ин ба мо имкон медиҳад, таваҷҷуҳ ва талошҳои асосии худро барои ноил шудан ба ҳадафи асосӣ – озодкунии Донбасс равона созем", - гуфт Шойгу.
Ба гуфтаи вазири дифои Русия, нерӯҳои Украина хисороти зиёде дидаанд, бартарии ҳавоӣ ба даст оварда шуд ва нерӯҳои ҳавоию системаи дифои ҳавоӣ тақрибан нобуд карда шуданд.
Аз 152 ҳавопаймое, ки то оғози амалиёт дар ҳайати ҷангии нерӯҳои Украина қарор доштанд, 123-тоаш, аз 149 чархбол 77-тоаш, аз 180 системаи дифои ҳавоии дурпарвоз ва миёнапарвоз 152-тоаш нобуд карда шуд.
Дар давоми ду ҳафтаи охир қариб 600 нафар аз зархаридони хориҷӣ нест карда шуданд, зиёда аз 500 нафарашон мамлакатро тарк карданд. Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳадафманд пайгирӣ ва нобуд кардани онҳоро идома медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол Русия изҳороти раҳбарони кишварҳои алоҳидаи НАТО-ро дар бораи қасди интиқоли ҳавопаймоҳо ва системаҳои дифои ҳавоӣ ба Украина назорат мекунад.
Таъмини аслиҳаи марговар аз ҷониби Ғарб бемасъулиятист ва тақсими беназорати он метавонад ба кишварҳои Аврупо таҳдид кунад, гуфт Шойгу.
"Мо изҳороти раҳбарони кишварҳои алоҳидаи НАТО-ро дар бораи қасди интиқоли ҳавопаймоҳо ва системаҳои дифои ҳавоӣ ба Украина назорат мекунем. Агар онҳо амалӣ шаванд, мо вокуниши муносиб хоҳем кард", - ҳушдор дод вазири дифои Русия.
Вазири дифоъ ҳамчунин хидматҳои шоистаи низомиёни Русияро қайд кард. Ба гуфтаи ӯ, онҳо маҳорати баланди касбӣ, мардонагӣ ва фидокорӣ нишон медиҳанд.