ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Тайи ду ҳафтаи охир дар пайи амалиёти низомии нерӯҳои Русия дар Украина беш аз 600 ҷангии хориҷӣ нобуд карда шуд.
Дар ин бора Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия зимни ҷаласаи селекторӣ хабар дод. Ба иттилои вазири дифоъ, инчунин 500 ҷангҷӯи хориҷӣ тарки Украина намудаанд.
Вай афзуд, қувваҳои мусаллаҳи Русия пайгирии ҳадафмандона ва нобудсозии ҷангиёни хориҷӣ дар қаламрави Украинаро идома дода истодаанд.
"Дар натиҷаи зарба бо силоҳи дақиқзан ба марказҳои омодасозии зархаридҳо ва инчунин талафоти ҷангӣ шумораашон дар Украина майли коҳиш дорад", - изҳор дошт Шойгу.
Қаблан сардори Сараёсати оперативии Ситоди кулли Русия Сергей Рудской гуфта буд, ки дар қаламрави Украина, дар амалиёти ҷангӣ беш аз 6 ҳазору 595 ҷангӣ ва террорист аз 62 давлати дунё ҳузур доранд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.