ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко қайд кард, ки ҳоло талошҳо барои ноором кардани фазои ИДМ идома доранд.
"Кӯшишҳои вайрон кардани вазъият, ташкили "инқилобҳои ранга" вуҷуд доранд. Ин моро ба ташвиш наоварда наметавонад", - гуфт сиёсатмадор дар мулоқот бо раиси Сенати Қазоқистон Мавлон Ашимбоев.
Ба гуфтаи вай, аввал Украина бо ин рӯ ба рӯ шуд, баъдан кӯшишҳои дахолат ба вазъи дохилии Беларус пайдо шуданд. Баъд дар Қазоқистон воқеаҳои кӯшиши табаддулоти давлатӣ ба амал омаданд, таъкид намуд Матвиенко.
Ҳамзамон сенатор таъсири беруна ба нооромиҳо дар Қазоқистонро тазаккур дод.
"Кӯшишҳое ҳастанд, ки моро заиф кунанд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Матвиенко, дар ин ҷо як раванд, кӯшиши нигоҳ доштани гегемонияи як давлат вуҷуд дорад ва ин раванд аз ҳад зиёд пеш рафтааст.
"Дар ин шароити душвор мо бояд ҳамдигарро дастгирӣ кунем", - таъкид кард Матвиенко.
Ба гуфтаи вай, институти СПАД самаранокии хуб нишон додааст.