ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар Душанбе сокини 41-солаи пойтахт барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир шуд.
Аз дафтари матбуотии Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе хабар доданд, ки номбурда ронандаи таксӣ буда, дар назди фурӯшгоҳи "Ашан" ба самти муқобили роҳ баромада, ба қоидавайронкунии дағали ҳаракат дар роҳ даст задааст.
Манбаъ меафзояд, ронанда дар баробари дағалона вайрон кардани қавонини ҳаракат дар роҳ ҳамчунин эроди муҳофизони ин фурӯшгоҳро нодида гирифта, бо онҳо дағалгуфторӣ намудааст.
Дар ҳамин ҳол вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ин ронанда, тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Зимнан бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати панҷ шабонарӯз таъйин карда шуд.