ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар Душанбе рӯзи панҷуми Қаҳрамонии веломарафони Осиё ҷамъбаст шуд ва аксари ҷойҳои аввалро варзишгарони Ҷумҳурии Қазоқистон аз худ намуданд.
Ба иттилои Кумитаи миллли олимпӣ, рӯзи 29 март дар доираи Қаҳрамонии велосипедронии Осиё дар шоҳроҳ се сабқат баргузор шуд.
Манбаъ меафзояд, дар ин рӯз мардҳо дар масофаи 174 км ва бонувону ҷавондухтарони то 23-сола дар масофаи 111км сабқат карданд.
Манбаъ меафзояд, дар ин рӯз мардҳо дар масофаи 174 км ва бонувону ҷавондухтарони то 23-сола дар масофаи 111км сабқат карданд.
Ҳамин тариқ миёни бонувони ҷавони то 23-сола варзишгари Қазоқистон Акпеиил Оссим мақоми аввалро аз худ кард. Ҳамзамон аз миёни мардон низ варзишгари қазоқистонӣ аввалӣ шуд.
Тоҷикистонро рӯзи 29 март ҳафт варзишгар, аз ҷумла Аннасултон Аманова, Файзихон Суфиева, Мутриба Абдуҷалилова, Умедҷон Қузиев, Раҳимҷон Аминов, Ҷовидон Қузиев ва Андрей Булаев муаррифӣ намуданд, вале ба ягон натиҷаи назаррас ноил нагардиданд.
Қаҳрамонии велосипедронии Осиё дар шоҳроҳ, ки бори аввал дар Тоҷикистон баргузор мешавад, фардо - 30 март бо мусобиқаи инфиродии умумӣ миёни дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ дар масофаи 111км анҷом меёбад.