Ба зарардидагони сел дар Дарвоз замин ҷудо мекунанд

Аз ҳолу аҳволи зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияи Дарвоз роҳбарияти КҲФ, котиби Шӯрои амният ва раиси ВМКБ дидан намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Барои сокинони ноҳияи Дарвоз, ки бар асари фаромадани сел манзилҳои онҳо пурра ва ё қисман хароб гардиданд, замини нав ҷудо мешавад.
Дар ин бора зимни боздиди роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, котиби Шӯрои амният ва раиси ВМКБ аз сокинони зарардида хабар дода шуд.
Ба иттилои дафтари матбуотии КҲФ, аз аҳволи сокинони зарардида Назарзода Рустам, Насрулло Маҳмудзода ва Алишер Мирзонабот зимни сафари корӣ дидан намуданд ва ваъда доданд, ки базудӣ асноди зарурӣ барои ҷудо кардани қитъаи замин омода мешавад.
Селе, ки роҳи Дарвозро масдуд кард, тоза шуд
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 12-18 март селу лойоба дар ноҳияи мазкур се манзили сокинони маҳаллиро пурра тахриб намуда, чанд хонаи дигар низ қисман зарар диданд. Ба хонаводаҳои зарардида аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва ҳамзамон соҳибкорон кумакҳои лозимӣ расонида шуд.
Зимнан муайян гардид, 15 хонаводаи маҳаллӣ дар ҷое зиндагӣ мекунанд, ки хатари фаромадани сел ба онҳо таҳдид мекунад. Аз ин рӯ ин хонаводаҳо ба ҷойи амнтар кӯчонида шуданд.
КҲФ мегӯяд, то охири моҳи март хатари фаромадани селу тарма ва ярчу сангрезӣ боқӣ мемонад ва аз ин рӯ аз кулли шаҳрвандон даъват шуд, ки эҳтиёткор бошанду аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.