ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Шӯрои амнияти Созмони Милал дар баёнияе аз баста шудани мактабҳои духтарона дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карду аз давлати толибон хостааст, тааҳҳудоти худ дар мавриди боз кардани ҳама мактабҳои духтаронаро иҷро кунад.
Дар ин изҳорот ба ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон ба таҳсил, бахусус духтарон бори дигар таъкид шудааст.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки намояндаи вижаи СММ дар Афғонистон ҳамкориро бо “тамоми мақомоти марбутаи Афғонистон” дар ин замина идома медиҳад.
Шӯрои амнияти СММ хостори дарёфти иттилооти бештар шуда ва бар аҳамияти талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳимоят ва омӯзиш аз Афғонистон таъкид кардааст.
Аъзои ин шӯро ҳамчунин ба нақши ҳамоҳангсози намояндагии СММ дар Афғонистон дар ҳимоят аз мардуми Афғонистон гуфтаанд.
Маврид ба зикр аст, ки бо суқути ҳукумати қаблӣ толибон бештар дар нисбати занон маҳдудият ҷорӣ карда, онҳоро аз ҳуқуқ ва фаъолияташон маҳрум мекунанд. Аз сӯйи дигар толибон ба ваъдаи худ вафо накарданд ва духтарони аз синфи шаш болоро ба мактаб иҷоза надоданд.
Онҳо гуфтаанд, ки бо норасоии омӯзгорони зан рӯ ба рӯ ҳастанд.
Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки толибон ахиран эълом кардаанд, бо фарорасии моҳи Рамазон донишгоҳҳои духтаронаро низ барои муддате баста хоҳанд кард.
Ҷабҳаи муқовимати милли Афғонистон дар пайи ин амалкард гуфт, толибон аз ҳуқуқи башар барои ба расмият шинохтани худ истифода мекунанд ва мардуми ин кишварро гаравгон гирифтаанд.