Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Шанхай бинобар авҷи коронавирус баста шуд

Дар бузургтарин шаҳри Чин ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус маҳдудиятҳои сартосарӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар пасманзари хуруҷи навбатии коронавирус дар Шанхай локдаун эълон шуд.
Ин тадобир баъди он рӯи даст гирифта шуд, ки дар шаҳре, ки 25 миллион аҳолӣ дорад, 3 454 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус бидуни ягон аломат сабт гардид. Илова бар ин 50 мавриди сироятшавӣ миёни сокинони маҳаллӣ ва ҳамчунин 10 ҳолати воридотии COVID-19 ба қайд гирифта шуд.
Тибқи нақшаи мақомот, қарантин барои гузаронидани 2 даври ташхиси оммавӣ ва пешгирии паҳншавии минбаъдаи ин беморӣ зарур аст. Он дар ду давра: якум аз 28 март то 1 апрел дар минтақаҳои шарқӣ ва ҷанубӣ ва даври дуюм, аз 1 то 5 апрел дар ҳудуди ғарбии он гузаронида мешавад.
Раиси "Роспотребнадзор" гуфт, пандемияи коронавирус поён наёфтааст
Гуфта мешавад, дар замони эълони локдаун нақбу пулҳо баста шуда, ҳаракати нақлиёти хусусӣ ва ҷамъиятӣ комилан масдуд мешавад.
Илова бар ин тамоми ширкату корхонаҳо дуркорӣ мекунанд.
Ба сокинони Шанхай амр дода шудааст, ки дар хона бимонанд. Ба гуфтаи мақомот, маҳсулоти заруриро метавон тавассути интернет фармоиш дод.
Биолог гуфт, кай мавҷи нави коронавирус дар Русия сар мезанад
Дар ҳамин ҳол Фурудгоҳи Байналмилалии Пудун, ки дар наздикии шаҳр ҷойгир аст, кори худро идома медиҳад, аммо аз мусофирон хоҳиш карда мешавад, аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар бораи вазъи парвозҳояшон пешакӣ хабар диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки Чин сиёсати “таҳаммулнопазирии сифр” ба коронавирусро пеш гирифтааст. Рӯзҳои охир дар ин кишвар дар як рӯз тақрибан 1,2 ҳолати беморшавӣ ба қайд гирифта шудааст.