Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар Русия доруи нав алайҳи коронавирус сабти ном шуд

Вазорати тандурустии Русия доруи дигаре алайҳи коронавирусро дар асоси "Лагеврио" сабти ном кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Вазорати тандурустии Федератсияи Русия як доруи дигарро барои муолиҷаи коронавирус дар асоси молнупиравири "Лагеврио" ба қайд гирифтааст.

"Доруи "Лагеврио" барои муолиҷаи ҳолатҳои тасдиқшудаи COVID-19, ки дар одамони калонсол дар шакли сабук ва муътадил пайдо мешавад ва хавфи бистарӣ шудани онҳо мавҷуд аст, мебошад", - навишта шудааст дар дастур барои истифодаи ин дору.

Дору дар шакли капсулаҳо хоҳад буд. Тавсия мешавад, ки табобатро бо дору ҳарчи зудтар пас аз ташхиси COVID-19 ва дар давоми 5 рӯз аз фарорасии аломатҳои дар дастурамал нишондодашуда оғоз бояд кард.
Дар байни аксуламалҳои номатлуб чарх задани сар, дарди сар, дарунравӣ, дилбеҳузурӣ, қайд гардидааст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Шанхай бинобар авҷи коронавирус баста шуд
Ёдовар мешавем, ки дар авоили феврали соли равон дар бораи бақайдгирии доруе дар асоси молнупиравири "Эсперавир" хабар дода шуда буд.
Маврид ба зикр аст, ки бори аввал дар ҷаҳон маҳз Русия ваксина алайҳи коронавирус - "Спутник V -ро таҳия шуд. Бо вуҷуди он ки аз ин дору кишварҳои зиёд истифода мекунанд, вале Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт онро расман тасдиқ накардааст.
Русия Ба Тоҷикистон низ як баста аз ваксинаи мазкур ройгон ирсол намуда буд.