ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Пандемияи коронавирус дар Русия поён наёфтааст ва вазъро набояд анҷомёфта ҳисобид, изҳор дошт роҳбари "Роспотребнадзор" Анна Попова.
Ӯ ин нуктаро зимни Конгресси умумирусиягӣ дар мавзуи бемориҳои сироятӣ ба номи академик Покровский изҳор дошт.
"Чизе анҷом наёфтааст. Вазъро феълан хатмшуда набояд ҳисоб кард. Ҳар боре дар ҷое ба таври назаррас чораҳо зидди ин беморӣ заиф шаванд, мо рушдро мушоҳида мекунем", - изҳор дошт Попова.
Ӯ афзуд, нишондоди паҳншавии коронавирус дар минтақаҳое, ки маҳдудиятҳоро бардошта истодаанд, бештар мебошад.
Дар Маскав аз 15 март пӯшидани ҳатмии ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ лағв гардид.
"Беҳбуди бемайлони вазъи эпидемиологӣ ба мо имкон медиҳад, ки қарори деринтизорро қабул кунем", - тавзеҳ дод шаҳрдори Маскав, Сергей Собянин.
Дар корхонаву идораҳо, аз ҷумла ҳамарӯза чен кардани ҳарорати бадан ва риояи фосила байни кормандон аз феҳрасти талаботи ҳатмӣ лағв шуд.
Анатолий Алтштейн, профессори вирусшинос мегӯяд, коронавирус гум нашудааст ва сокинони Маскав бояд пӯшидани ниқобро идома диҳанд.
Ӯ дар мавриди лағви низоми ниқобпӯшӣ таъкид намудааст, ки низом вақте ҳисобида мешавад, ки давлат назорат мекунад, ҳушдор медиҳад, ҷарима мекунад.
"Аммо чораҳои зиддиэпидемикӣ аҳамияташонро нигоҳ медоранд, одамон бояд ниқоб пӯшанд, фосилаи иҷтимоиро нигоҳ доранд ва дастҳояшонро шӯянд. Чун эпидемия давом дорад, афроди огоҳ бояд риояи ин меъёрҳоро идома диҳанд", - гуфта буд Алтштейн.
Ин дар ҳолест, ки тибқи омори расмӣ, шабонарӯзи охир дар Русия 1762 нафар гирифтори коронавирус шудаанд, ки дар муқоиса бо рӯзи пешӣ 20% зиёд мебошад.