ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Николай Патрушев, муншии Шӯрои амнияти Русия гуфт, Иёлоти Муттаҳида аз Аврупо сӯистифода ва онро маҷбур кард, бар зарари манофеи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба таҳримҳои зидди Русия ҳамроҳ шавад.
“Барои амали шудани нақшаҳои худ, бораи вайрон кардани тамоми низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷорӣ кардани ба ном тартиботи дар асоси қоидаҳо, яъне қоидаҳои ИМА Амрико бо роҳи шантажу фиреб ва таҳдид, кӯшиш кард, ба ҳалқаи худ шумораи зиёде аз кишварҳоро ҷалб намоянд. Он ҳатто манофеи онҳоро ба назар нагирифт. Дар воқеъ, аз онҳо истифода мекарданд”, - гуфт Патрушев дар мулоқот бо ҳамтои алҷазоириаш Нуриддин Макрӣ дар Маскав.
“Барои мисол, онҳо шарикони аврупоии худро маҷбур карданд, ки бар зарари манфиатҳои худ ба таҳримҳои иқтисодии ғайриқонунии алайҳи Русия ҳамроҳ шаванд. Дар натиҷа, дар кишварҳои аврупоӣ ҳоло Русия вокуниш ношон надода, ҷаҳиши якбораи нархи нерӯи энержӣ ва ғизо сурат гирифт”, - афзуд Патрушев.
Муншии Шӯрои амнияти Русия қайд кард, фаъолияти як қатор ширкатҳо коҳиш меёбад, ки дар пасманзари афзоиши ҷараёни муҳоҷират вазъи иҷтимоию иқтисодии Иттиҳодияи Аврупоро ба таври ҷиддӣ мушкил мекунад.
Кишварҳои ғарбӣ дар вокуниш ба амалиёти вижаи Русия барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина таҳримҳои зиёде ҷорӣ карданд. Шуморе аз ширкатҳо эълон карданд, ки бозори Русияро тарк мекунанд.
Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ширкатҳои ғарбӣ, ки аз ҳамкорӣ бо Русия сарпечӣ мекунанд, зери фишори шадид ин корро анҷом медиҳанд, аммо Русия ҳама мушкилотро бо иқтисоде, ки Ғарб барои он эҷод мекунад, ҳал хоҳад кард.