Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Даври нави музокироти Русияву Украина дар Истанбул баргузор мешавад

Дар бораи дидори ҳайатҳои Русия ва Украина дар Истанбул Путин ва Эрдуғон ба мувофиқа расиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Русия ва Украина дар Истанбул баргузор мешавад, хабар медиҳад, дафтари матбуотии президенти Туркия.
Ба иттилои манбаъ, президенти Русия Владимир Путин ва ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ин бора ба мувофиқа расидаанд.

"Дар ҷараёни мулоқот Эрдуғон ба зарурати ҳарчи зудтари оташбас, расидан ба сулҳ миёни Русияву Украина ва беҳбуди вазъи башарӣ дар минтақа таъкид карда, ҳамчунин гуфтааст, ки Туркия дар ин раванд аз ҳар ҷиҳат саҳм хоҳад гирифт", - афзуд манбаъ.

Қаблан Владимир Мединский, ёвари раисҷумҳури Русия гуфта буд, ки ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзҳои 29-30 март мулоқот хоҳанд кард, аммо дақиқ нагуфт, ки ин дидор дар куҷо сурат мегирад.
Музокироти Русияву Украина рӯзи 28 феврал оғоз шуд. Онҳо ҳам ҳузурӣ дар қаламрави Беларус ва ҳам тавассути видеоконфронс баргузор мешаванд. Ҳайати Русияро дар ин дидорҳо Мединский раҳбарӣ мекунад.
Ба гуфтаи вай, Русия бар сари як созишномаи фарогиреро, ки мақоми бетараф ва кафолатҳои амниятии Украина, ғайринизомисозӣ ва нозизудоии он, эътирофи мақомҳои Қриму Донбасс ва инчунин мавқеъҳои дигарро муқаррар намояд, пофишорӣ мекунад.
Мединский: Киев иқрор шуд, ки дар музокирот ба ҷойи он тасмим мегиранд
Дар баробари ин Мединский қайд кард, намояндагони Киев кӯшиш доранд, ки гуфтушунидро кашол диҳанд, бинобар ин пешравии назаррасе дар он ба назар намерасад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.