ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Жан-Франсуа Каренко, раиси Комиссияи танзими энержии Фаронса (CRE) аз мардуми кишвараш даъват кардааст, ки ба далели хатари қатъи интиқол нерӯи энержӣ дар зимистони оянда масрафи нерӯи барқ ва газро коҳиш диҳанд.
“Мо бояд ҳоло дар Фаронса газ ва нерӯи барқро сарфа кунем, вагарна зимистони оянда вазъ метавонад аз ин ҳам бадтар шавад”, - гуфт Каренко дар мусоҳиба бо "Echos".
Вай таъкид кард, ки ҳама бояд талош намоянд, бахшҳои саноат, хидматрасонӣ, созмонҳои давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди Фаронса масрафи нерӯи барқ ва гармидиҳиро маҳдуд кунанд.
Раиси CRE инчунин даъват кард, ки монеаҳои маъмурӣ барои суръат бахшидан ба истиқрори терминали шинокунандаи гази моеъ дар Гавр, инчунин сода кардани расмиёти маъмурӣ ва додгоҳӣ дар умури лоиҳаҳои энержии барқароршаванда бартараф шаванд.
Нархи нерӯи барқ дар пасманзари амалиёти вижаи Русия дар Украина ба таври қобили мулоҳиза боло рафт.
Дар Фаронса бинобар аз кор мондани чанд реактори ҳастаӣ тавлиди барқ дар ин кишвар коҳиш ёфтааст.