ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар Душанбе ду бародар ронандаеро, ки дар гузаргоҳ пиёдагардро роҳ надод, худсарона ҷазо додаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуотии Раёсати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, рӯзи 26 март дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки дар он ду пиёдагард ронандаи мошини “Опел-Зефира”-ро латукӯб ва дашном медиҳанд.
Дар ҷараёни тафтиши ин ҳодиса маълум шуд, ки "қаҳрамонон"-и видео сокинони шаҳри Душанбе - бародарон Ҳикматулло ва Муҳаммадҷон Хурсандовҳои 24 ва 15-сола мебошанд.
Гуфта мешавад, бародарон ба ронандаи мошини "Опел-Зефир", сокини шаҳри Душанбе Шоҳрӯх Ғаниеви 23-сола ҳамла кардаанд, ки онҳоро дар гузаргоҳи пиёдагард роҳ надодааст.
Нисбати Ҳикматулло Хурсандов протоколи маъмурӣ тартиб дода, додгоҳ нисбати ӯ 10 рӯз ҳабси маъмурӣ таъйин кард. Бародари ноболиғаш Муҳаммадҷон ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳандаи ҳисоб ба 64 сомонӣ баробар аст) ҷарима шуд.
Ҳамчунин ронандаи мошини "Опел Зефир", ки қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон кардааст, низ дар шакли ҷарима ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.