ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ зимни интиқод аз амалкарди ҳукумати толибон дар ин замина, бавижа аз онҳо хост, мадорисро фавран барои ҳама донишомӯзон боз кунанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба расонаҳо.
Дабири кулли СММ ахиран дар "Твиттер"-и худ навишт, ки бояд ба балои хушунати мубтанӣ бар ҷинсият поёнт дода шавад ва ин созмон бо ҳукуматҳо барои таҳкими қонунҳо ва муқаррарот барои ҳифзи беҳтари занон кор хоҳад кард.
Ӯ ахиран дар баёнияе гуфт, аз иқдоми толибон барои ба таъхир андохтани бозгашти духтарон ба мактабҳои миёна таассуф мехӯрад.
"Иқдомоти толибон бар рағми тааҳҳудоти мукаррари он бисёр дилсардкунанда аст ва ба Афғонистон садамаи зиёде мерасонад", - гуфт дабири кулли СММ.
Вай афзуд, маҳрум шудан аз таҳсил на танҳо ҳуқуқи баробарии занону духтаронро дар гирифтани дониш поймол мекунад, балки ояндаи кишварро бо назардошти нақши бузурги занону духтарони афғонистонӣ зери хатар мегузорад.
Гуттериш ҳамчунин аз талошҳо барои коҳиши хушунат бар асоси гендерӣ сухан гуфт, зеро маҳдудиятҳо барои занон дар ин кишвар пас аз тасарруфи ҳукумат аз сӯйи толибон дар Афғонистон шадидтар шудаанд.