Толибон: Ҷумъа рӯзи тафреҳи мардон аст, на занон

Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари толибон мегӯяд, занон метавонанд рӯзҳои якшанбе, душанбе ва сешанбе ба тафреҳ бираванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари толибон рӯзҳои фароғатии мардону занонро дар боғҳои тафреҳии Кобул таъйин кардааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ин вазорат дар баёнияе гуфтааст, ки занон метавонанд рӯзҳои якшанбе, душанбе ва сешанбе дар боғҳои тафреҳӣ истироҳат кунанд.
Дар ҳамин ҳол ин вазорат гуфтаааст, ки чаҳоршанбе, панҷшанбе, ҷумъа, шанбе рӯзҳои мардон аст ва онҳо метавонанд ба боғҳои тафреҳӣ раванд.
Қобили зикр аст, ки ҳангоми ба қудрат расидани толибон ин вазорат ба ҷои Вазорати умури занонро ташкил шуд.