Нарх арзон шуд: ширкатҳои ҳавонавардӣ ба Агентӣ тааҳҳуд супурданд

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон аз тааҳҳуди ширкатҳои ҳавонавардӣ бар поён бурдани қимати билети парвоҳзои миёни Русияву Тоҷикистон хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 март — Sputnik. Дар моҳи феврал қимати билетҳо якбора ба таври бесобиқа боло рафт ва агентӣ аз ширкатҳо хоста буд, ки нархҳои собити худро пешниҳод кунанд.
Як манбаъ дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зимни як ҷаласаи муштарак ширкатҳои ҳавонавардӣ тааҳҳуд супурданд, ки фурӯши билетҳоро дар парвозҳои миёни Тоҷикистону Русия ба таври собит ба роҳ хоҳанд монд.

“Аз мавсими нав новобаста аз боло рафтани қурби доллар ширкатҳо ба агентӣ тааҳҳуд супурданд, ки нархи билетҳоро аз ҳудуди 250 то 350 доллар боло нахоҳанд бурд. Дар акси ҳол агентӣ ин ҳақро хоҳад дошт, ки ҳаққи парвозро аз онҳо бигирад”, - гуфт манбаъ.

Дар моҳи феврали соли равон ширкатҳои ҳавонавардӣ қимати билетҳоро якбора 100% боло бурданд ва нархи ҳадди ақали як билет ҳудуди 5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин муҷиби норизоиятиҳо мусофирин, қабл аз ҳама муҳоҷирини меҳнатӣ шуд.
Хадамот фазои озодро ягона роҳи арзонсозии билет гуфту агентӣ онро номумкин хонд
Тибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир се ширкат – “Сомон эйр”- и Тоҷикистон ва “Уралские авиалинии”-ву “ЮтЭйр"-и Русия миёни ду кишвар парвозҳои худро анҷом медиҳанд.
Аз мавсими нав эҳтимол дорад, ширкатҳои “Северний ветер” ва “Сибир” низ парвозҳои худро аз сар гиранд.
Мавсими нави парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия аз 28 март шуруъ мешавад.