Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Лондон гуфт, барои чӣ ба Киев тонкҳои Бритониё кумак намекунанд

Вазири дифои Бритониё таъкид кардааст, ки таъмини артиши Украина бо танкҳои Бритониё фоида надорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Бен Уоллес, вазири дифои Бритониё ахиран гуфтааст, ки таъмини Украина бо танкҳои бритониёӣ "фоидаие надорад" ва бояд ба таъмир ва кашфи таҷҳизоти Русия таваҷҷуҳ кард.
"Ҳар қадаре ки аслиҳаи шумо бештар такмил меёбад, ҳамон қадар омӯзиши шумо барои истифодаи он зиёд мешавад, аз ин рӯ бояд ба кӯмаки украинҳо дар навсозӣ ё пайдо кардани таҷҳизот аз Русия таваҷҷуҳ кард. Таъмини танкҳои бритониёӣ воқеан фоидае надорад”, - гуфт ӯ ба рӯзномаи "Mail on Sunday".
Уоллес гуфт, системаҳои дифои зиддиҳавоии сайёри "Starstreak"-и бритониёӣ омодаанд, дар Украина ҷойгир шаванд ва теъдоде аз сарбозони украинӣ барои истифода аз онҳо аллакай омӯзиш дидаанд.
Ба гуфтаи вазири дифоъ, Бритониё барои кумак ба Украина “тақрибан бештар аз ҳама кор мекунад”.
Роҳбари ҶМЛ: Имкон ташкили райпурсӣ барои пайвастани ҷумҳурӣ ба ҳайати Русия вуҷуд дорад
Пештар Сергей Рудской, сардори Раёсати асосии амалиёти Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия гуфта буд, интиқоли силоҳ аз ҷониби Ғарб ба Украина иштибоҳ аст ва талафоти зиёдеро ба бор меорад, аммо ба натиҷаи амалиёт таъсир намерасонад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.