ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар Душанбе ронандаи 27-солаи автомашинаи тамғаи "Лада приора" боздошт шудааст.
Ба иттилои Раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе, ронандаи мазкур барои истифодаи таҷҳизоти махсуси садодиҳандаю равшанидиҳанда, ки истифодаи онҳо оромии шаҳрвандонро халалдор месохт, ба мақомоти корҳои дохилӣ дастрас карда шуд.
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи номбурда, сокини кӯчаи Шамсӣ бар замми ғайриқонунӣ насб намудани таҷҳизоти махсуси садодҳидандаю равшанидиҳанда, ҳамзамон бо рақамҳои қайди давлатии бегона автомашинаи худро дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе идора мекардааст.
Кормандони милиса муайян намуданд, ки рақамҳои қайди давлатии автомашинаи мазкур 1111SD03 буда, рақамҳои қайди давлатии 700ММ03 ба дигар автомашина, яъне автомашинаи тамғаи "Хундай", ки ба ширкати ҶДММ "Роҳи байналмилалӣ" ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст, тааллуқ дорад.
"Номбурда дидаву дониста бар хилофи муқаррароти қонунгузорӣ амал намуда, ба чунин қоидавайронкунии дағали ҳаракат дар роҳ даст задаст", - омадааст дар хабарнома.
Дар ҳамин ҳол нисбати ин ронанда, тибқи талаботи моддаҳои 313 (рақами бегона) ва 316 (насби таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ва равшанидиҳанда), протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, автомашинаи ӯ ба ҷаримагоҳи муваққатии раёсат дар шаҳри Душанбе бурда шудааст.