Боз иштибоҳ: Байден номи шаҳри Мариуполро фаромӯш кард

Раисҷумҳури Амрико ҳангоми суханронӣ дар Варшава шаҳри Мариуполро Метропол гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико як иштибоҳ шифоҳӣ кард ва шаҳри Мариуполро, ки имрӯзҳо дар он ҷангҳои шадид идома доранд, Метропол номид.
Суханронии роҳбари ИМА дар Варшава аз тарафи Кохи Сафед шуд.

"Ҳадди ақал каме кумак ба шаҳрҳои марказии Украина мерасад. Аммо на ба Метропол... Мебахшед... На ба Мариупол", - гуфт ӯ.

Роҳбари Амрико барои талаффузи номи ин шаҳр чанд бор талош кард.
Дар ҳамин суханронияш Байден ҳамчунин гуфт, гӯё як доллари амрикоӣ ба “дусад рубли русӣ” баробар шудааст.
Трамп мегӯяд, Байден орзуи амрикоиро кушт
Илова бар ин як рӯз пеш вай ба сарбозони амрикоӣ "ваъда дод", ҷасорати украиниҳоро худашон шахсан дар ҳамон минтақа баҳо хоҳанд дод.
Аммо сипас Кохи Сафед гуфт, ки ҳеҷ кас нақшаи фиристодани сарбозони амрикоиро ба Украина надорад.