ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Дар шоҳроҳи “Душанбе - Хуҷанд” садамаи нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷа як нафар ҷон бохт.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ронандаи Розиқзода Имрони 34-солаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", ки сокини ноҳияи Истаравшан буд, аз уҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада, дар самти рости роҳ чаппа шудааст.
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи чаппашавии мошини сабукрав Султонов Бахтиёри 28-сола ва ноболиғ Муродов Исфандиёри 17-сола, сокинони шаҳри Истаравшан ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
"Мутаассифона, ноболиғ Муродов Исфандиёр дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - афзудааст манбаъ.
Феълан кормандони умури дохилӣ ҳолати рухдодаро таҳқиқ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан низ дар роҳи Душанбе - Чаноқ зимни бархӯрди ду мошин се нафар ҷон доданд, ки яке аз фавтидагон ноболиғи 14-сола буд.