ХБА ба мақомоти Тоҷикистон тавсия додааст, ки қимати нерӯи барқро боло баранд

Барои баъзе категорияҳои шаҳрвандон нигоҳ доштани имтиёз пешбинӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Хазинаи Байналмилалии Асъор ба Ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки қимати нерӯи барқро боло барад.
Дар ин бора дар муроҷиатномаи созмон аз рӯйи ҷамъбасти миссияи охиринаш дар кишвар гуфта мешавад.
Аммо дар баробари ин коршиносони ХБА ба нигоҳ доштани имтиёз барои хонаводаҳои камдаромад даъват мекунад.
Ширкати "Барқи тоҷик" қасд дорад, аз Русия таҷҳизот харидорӣ кунад
Дар тавсияҳо гуфта мешавад, ки субсидияҳои тарифҳо барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ идома дода шаванд.
Гуфта мешавад, ки бо ин роҳ бояд вазъи молии бахши энержии кишвар беҳтар шавад.
Аз ҷумла хазина барои ҷуброни хароҷот ва кам кардани талафот, ба хотири пуштибонӣ аз ҶСК "Барқи Тоҷик" тадриҷан боло бурдани тарифҳои нерӯи барқро тавсия медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки тайи даҳ соли ахир ниҳодҳои молии байналмилалӣ, аз қабили ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ аз Ҳукумати ҶТ даъват карданд, ки ҳамасола қимати нерӯи барқ барои мардумро боло барад.
"Барқи тоҷик": кӣ чанд пул қарздор?
Давоми 5—7 соли охир (ба ғайр аз ду соли охир) тарифҳо ҳар сол ба ҳисоби миёна 15 фоиз афзуд.
Аз моҳи сентябри соли 2019 истеъмолкунандагони маишӣ дар Тоҷикистон барои ҳар киловатт-соат нерӯи барқ ​​22,66 дирам пардохт мекунанд. Ин нишондод барои корхонаҳои саноатӣ (ба истиснои ширкати алюминиюми ​​тоҷик ТАЛКО) 55,14 дирамро ташкил медиҳад.
Дар кишвар 10 категорияи истифодабарандагони қувваи барқ мавҷуданд, ки тарифҳои истифода аз нерӯи барқ барои онҳо мутафовитанд.