Ёвари маҷруҳшудаи шаҳрдори Исфара дар бархӯрдҳои марзӣ аз бемористон мураххас шуд

Корманди ҳукумати шаҳри Исфара, ки ду моҳ қабл аз зарби тир захмӣ гардида буд, аз шифохона рухсат шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 мар – Sputnik. Зубайдулло Шомадов, котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара дар тасдиқи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, баъди се навбати ҷарроҳӣ вазъи саломатии Искандар Шафеъиён беҳтар шуда ва ин тартиб табибон ӯро аз шифохона мураххас намудаанд.

“Шафеъиён ҳоло дар хонаи истиқоматиаш, дар шаҳри Исфара қарор дорад. Хушбахтона, вазъи саломатиаш хеле беҳтар шудааст. Бо тавсияи табибон чанд муддат бояд дар хона монад”, – иброз намуд, Шомадов.

Котиби матбуотии ҳукумати Исфара гуфт, Шафеъиён дар шароити хона ҳам зери муроқибат қарор дошта, табибон саломатии ӯро ҳар вақт назорат мекунанд.
Искандар Шафеъиён (Маликӣ), мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси шаҳри Исфара рӯзи 27 январ дар пайи тирпарронии сарҳадбонони Қирғизистон ҳамроҳ бо Некзод Хоҷаев, корманди дигари ҳукумати шаҳр захмӣ гардиданд. Он замон ҳамроҳи онҳо Абдулатиф Шарифов, ронандаи мошини "Ёрии таъҷилӣ"-и шаҳри Исфара ҳам буд, ки дар ҷойи ҳодиса ба шаҳодат расид.
Посухи Тошиев ба такрори ҳаводиси марзӣ бо Тоҷикистон ва тамринот бо "Байрактар"
Хоҷаев ва Шафеъиён ҳамроҳ бо ҳайати ҳукумати Исфара рӯзи 27 январ барои санҷиши вазъ ба ҷойи муноқиша, ба маҳаллаи Сомониён рафта буданд, вале дар он макон захмӣ гардиданд.
Некзод Хоҷаев баъд аз даҳ рӯзи табобат, дар оғози моҳи феврал бинобар хуб шудани захмҳояш аз шифохона рухсат шуда буд.
Искандар Шафеъиён то ин муддат дар шуъбаи эҳёи шифохонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ буд.

Таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Муноқишаи марзӣ бегоҳии рӯзи 27 январ аз сангзании қирғизҳо шуруъ шуда, ба тирпаронии сарҳадбонони ду ҷониб боис гардид.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронӣ шуд, аммо феълан вазъ ором аст
Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман теъдоди захмиёну фавтидагон дар пайи муноқишаи марзиро нашр кард.
Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар натиҷаи низои сарҳадӣ аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 низомӣ ва 4 сокинони мулкӣ гуфта мешавад.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ҳам гуфт, дар даргирӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон 11 низомии қирғиз захмӣ шудааст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст.
Номуайян боқӣ мондани сарҳад то ин вақт, борҳо ба рухдоди муноқишаҳои марзӣ миёни шаҳрвандони ду кишвар боис шудааст.