Толибон аз ҳузури густардаи духтарон ба макотиб тарсидаанд

Манбаъ изҳор доштааст, макотиби духтарона ба далели он баста аст, ки толибон аз ҳузури густардаи духтарон ба макотиб тарсидаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Хонум Ҳасанӣ, омӯзгори мактаби миёнаи занонаи Қалъаи Замонхон ба Sputnik Афғонистон гуфт: "Ман дирӯз ба мактаб рафтам ва чаҳор соат дарс додам. Дар байни соатҳои дарс буд, ки маъмурияти мактаб гуфт, то амри баъдӣ омадан ба мактаб рафтан манъ аст”.
Ба гуфтаи хонум Ҳасанӣ, толибон бо бархе аз мактабҳо тамоси телефони барқарор карда ва ба бархе макотиб худашон рафта буданд.
Омӯзгор мегӯяд, ки ин хеле дилгиркунанда ва ноумедкунанда буд, ҳама муҳассилин ва аксари омӯзгорон гиря мекарданд.
“Субҳ мо рафтем, ҳама муҳассилин хеле шод буданд, аммо шунидани ин хабар барояшон душвор буд”, - гуфт хонум Ҳасанӣ.
Ба гуфтаи ин омӯзгор, ин ҳама баҳонаҳост, ки мегӯянд, ҳиҷоб пӯшед ё барномаи дарсро тағйир диҳед, агар мехостанд, дар ин ҳашт моҳ матавонистанд барномарезӣ кунанд.
Ҳамсояҳои Афғонистон дар Чин ҷамъ меоянд. Русияро Лавров намояндагӣ мекунад
Хонум Ҳасанӣ муътақид аст, ки толибон аз ҳамлаи духтарон ба мактабҳо метарсиданд ва интизор надоштанд, ки ҳама бо чунин шавқ ба мактаб мераванд.
Муҳаммадӣ, хонандаи синфи 9-ум дар суҳбат бо Sputnik гуфт, ки бисёре аз ҳамсинфонаш либосҳои нав харида, бо ҳаваси зиёд ба мактаб омаданд, аммо вақте ки ин хабарро шуниданд, нороҳат шуданд.
Ин хонанда аз толибон даъват кард, ки ҳарчи зудтар мактабҳо барои духтаронро боз кунанд.