ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Як шаҳрванди Тоҷикистон барои вуруди ғайриқонунӣ ба Русия ба як соли зиндон маҳкум шуд. Дар ин бора "Новости Брянск" менависад.
Тибқи иттилои тафтишот, ин шаҳрванди 48-сола то моҳи марти соли 2018 ҳаққи омадан ба Русия манъ надоштааст. Аммо ин тоҷик талаби хадамоти муҳоҷиратро нодида гирифтааст.
Ин мард аз соли 2016 то соли 2021 бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, ки дар Ватан тартиб дода будааст, 4 бор ба Русия омадааст.
Моҳи октябри соли гузашта ӯ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ боздошт шудааст.
Дар ҷаласаи додгоҳӣ ин муҳоҷир ба гуноҳаш комилан иқрор шуда, бо қарори суд барои 12 моҳ равонаи зиндон шудааст.
Ёдовар мешавем, қаблан президенти Русия Владимир Путин гуфта буд, нисбати хориҷиёне, ки қонунҳои кишварро нақз мекунанд, чораҳои сахтгирона татбиқ мешавад.
Ба гуфтаи раисҷумҳури ин кишвар, муборизаи муассир бо ифротгароӣ бевосита ба соҳаи муҳоҷират марбут аст.
Президенти Русия таъкид кард, дар Русия шаҳрвандони хориҷӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноиро, ки аз ин раванд болотар истода, тиҷорати ҷиноӣ месозанд, ҳушёрона назорат кардан лозим аст.
Қаблан коршиносони Шӯрои амнияти ин кишвар муҳоҷирони ғайриқонуниро таҳдид ба Русия хонда буданд.
Ба гуфтаи коршиносон, хориҷиҳо таҳти назорати хадамоти вижаи хориҷӣ дар ин кишвар идеологияи терроризмро паҳн мекунанд.