Шикасти Тоҷикистон аз тими Того дар Туркия

Дар нахустин бозияш тими миллии ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон дар доираи ҳамоиши тамринотӣ дар Туркия аз тими Того шикаст хӯрд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Рақиби нахустини тими олимпии Тоҷикистон (U-23) дар ҳамоиши тамринии Анталия дастаи Того шуд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки бозии ҷавонони Тоҷикистону Того бо ҳисоби 0:1 ба фоидаи тими африқоӣ анҷом ёфт.
Таъкид шудааст, ки шогирдони Мубин Эргашев дар ин сабқат ҳунарнамоии хуб нишон додаанд.
Дастаи Тоҷикистон дар Анталия 2 бозии дигарро анҷом хоҳад дод. Рӯзи 26 март бозӣ бо мунтахаби Урдун ва 3 рӯз баъд сабқат бо тими Кувейт дар назар аст.
Бозӣ бо дастаи Афғонистон, ки 29 март дар нақша буд, ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, лағв гардидааст.
Мураббии "Хатлон" сирри муваффақияти аҷиби дастаро ошкор кард
Зикр шудаст, ки ҳамоиши тамринотии мазкур дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми Осиё-2022 сурат мегирад.
Сабқат барои Ҷоми Осиё-2022 дар Ӯзбекистон аз 1 то 19 июн баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи "D" бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ҷопон ва Арабистони Саудӣ бозӣ хоҳад кард.
Дар ҳайати тими олимпии Тоҷикистон, ки то 23-солаҳоро дар бар мегирад, Далер Азизов, Муҳаммадҷон Насков, Алишер Баротов, Парвиз Боқиев, Ҷонибек Шарипов, Далер Ёдгоров, Сорбон Авғонов, Амадонӣ Камолов, Шуҳрат Элмуродов, Шарифбек Раҳматов, Нуриддин Ҳамроқулов бозӣ мекунанд.