ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар назар аст, ки аз 1 январи соли 2023 Русия аз Созишномаи кафолати нафақа барои шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ хориҷ шавад.
Дар ин бора РБК бо такя ба лоиҳаи як қонуни федералӣ хабар додаст, ки аллакай бо Вазорати меҳнат ва Вазорати умури хориҷии Русия мувофиқа шудааст.
Дар тафсири лоиҳаи қонун зикр шудаст, ки Созишномаи кафолати нафақа барои шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ аллакай хидматашро барои он шаҳрвандоне, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ кор карданд, ба анҷом расондааст. Зикр шудааст, ки бо гузашти 30 сол ва тағйири қонунгузориҳои марбути нафақа иҷрои комили созишномаи мазкур ғайриимкон мегардад.
Созишнома дар мавриди кафолати нафақа, ки соли 1992 имзо шудааст, дар баробари Русия инчунин Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Турманистон, Ӯзбекистон ва Украинаро шомил мешавад.
Мақомоти Русия далели дигари лағви созишномаро коҳиши сарборӣ ба буҷа арзёбӣ мекунанд.
"Ба далели афзоиши муҳоҷирон сарборӣ ба буҷаи Русия афзоиш ёфтааст, чун тибқи меъёрҳои ин созишнома уҳдадориҳои молиявии давлате, ки нафақаи баландтар ва ё синни бознишастагии поинтарро дорад, зиёд мешавад", - тавзеҳ дода шудаст дар лоиҳа.
Баромадан аз ин созишнома имкон медиҳад, ки аз соли 2023 то 2025 ҳудуди 2,2 млрд. рубли буҷа сарфа шавад.
Таъкид шудааст, бознишастаҳое, ки то ҳол барояшон нафақа таъйин шудааст, ҳич тағйиротеро мушоҳида нахоҳанд кард.
Барои бознишастаҳои оянда нафақа бар асоси тартиботи ҷадид пардохт мегардад. Аз ҷумла бо кишварҳои узви Иттиҳоди Авруосиё - Арманистон, Беларус, Қазоқоистон ва Қирғизистон аллакай созишнома имзо шудаст. Бар асоси он, хароҷоти нафақа тақсим мешавад. Собиқаи кории шаҳрванд дар кишварҳои алоҳида ҳисоб мешаваду ҳар яке аз онҳо қисмати худро пардохт хоҳанд кард.
Зикр шудааст, ки чунин созишнома бо Тоҷикистон низ аллакай имзо шудаасту бо Молдова ва Ӯзбекистон дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.