Орбан: Таҳрими бахши энержӣ аз Русия иқтисоди Маҷористонро суқут медиҳад

Нахуствазири Маҷористон мегӯяд, ки таҳрими бахши энержии Русия рушди иқтисоди ин кишварро аввал кунд ва ниҳоят бозмедорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон дар пайи машваратҳои сарони ҳукуматҳои Иттиҳодияи Аврупо гуфт, кишвараш мухолифи густариши таҳримҳои бахши энержии Русия аст, зеро ин боиси кунд ва суқути иқтисоди ин давлат дар кӯтоҳтарин фурсат мешавад.
"Бархе кишварҳо боз пешниҳод карданд, ки таҳримҳҳо нисбати барқ, ангиштсанг, газ ва нафтро ҷори кардан лозим аст. Раисҷумҳури Украина тавассути гуфтугӯи маҷозӣ дар ин баҳс ширкат кард, ки ӯ низ дар ин бора аз мо пурсид. Мо дар ин бора фикр кардем ва онро рад кардем, бо назардошти он ки 85 дарсади газ ва 60 дарсади нафт аз Русия ворид мегардад", - гуфт Орбан дар як паёми видеоӣ.
Сиёсатмадор инчунин тавзеҳ дод, ки таҳримҳо алайҳи Русия барои Маҷористон чӣ таъсир мерасонанд.
Лавров: Хоҳиши Ғарб барои баргардонидани ҷаҳони якқутбӣ як хаёл аст
“Тадбирҳо маънои онро доранд, ки рушди иқтисоди Маҷористон дар тӯли чанд дақиқа кунд хоҳад шуд ва сипас суқут хоҳад кард. Ин ғайриқобили қабул аст, ин бар хилофи манфиати мардуми Маҷористон аст. Инчунин ин маънои онро дорад, ки мо баҳои ҷангро пардохт хоҳем кард. Хушбахтона, бархе кишварҳо низ ҳамин гуна далелҳоро пеш оварданд, бинобар ин ақли солим ғолиб омад ва воридшавии газу нафт ба Маҷористон идома хоҳад ёфт”, - гуфт сарвазир.
Субҳи рӯзи ҷумъа кор дар масъалаи нархҳои баланди нерӯи энережӣ идома хоҳад ёфт.
"Мо муҳокима хоҳем кард, ки дар Брюссел чӣ кор метавон кард, то қимати нерӯи энержӣ ​​поин равад", - гуфт Орбан.
Наришкин: Украина ҳамроҳ бо Русия ояндаи худро месозад
Як қатор кишварҳои ғарбӣ вобаста ба вазъи Украина алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ карданд. Ҳамчунин як қатор ширкатҳо эълон карданд, ки бозори Русияро тарк мекунанд ва аз бастани корхонаҳои истеҳсолӣ дар Русия хабар доданд. Тавре ки қаблан Кремл изҳор дошт, таҳримҳои Ғарб хеле ҷиддӣ мебошанд, Русия ба онҳо пешакӣ омодагӣ гирифта буд.
Баъдан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, сиёсати боздоранда ва заъиф кардани Русия стратегияи дарозмуддат барои Ғарб аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ хоҳанд зад . Ба гуфтаи вай, мақсади асосии Ғарб бад кардани вазъи зиндагии миллионҳо нафар мебошад. Ҳамзамон Владимир Путин гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо амалан уҳдадориҳои худ дар назди Русияро иҷро накарданд ва захираҳои асъори кишварро мунҷамид сохтанд.