Ҳамсояҳои Афғонистон дар Чин ҷамъ меоянд. Русияро Лавров намояндагӣ мекунад

Интизор меравад, ки дар мулоқоти Чин дар баробари вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, инчунин ҳайати толибҳо ҳам иштирок кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки 31 март дар Чин дар назар аст, иштирок хоҳад кард.
Дар ин бора Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия иттилоъ дода афзуд, ки дар Чин мулоқоти Лавров бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва ҳайати толибҳо низ дар назар аст.
Дар феҳрасти иштирокдорони мулоқоти сеюми вазирони хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар баробари Русия инчунин Тоҷикистон, Чин, Эрон, Покистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон зикр шудаанд.

"Мулоқоти мазкур имкони хубест барои ҳамоҳангии талошҳои минтақаӣ барои мусоидат ба Афғонистон дар масоили гуманитарӣ ва иқтисодӣ - иҷтимоӣ", - изҳор дошт Захарова.

Ҳамчунин дар доираи ҳамоиши музокироти вазирони корҳои хориҷии ҳамсояҳои Афғонистон бо ҳукуматдорони ҷадиди ин кишвар низ дар назар аст.
Мулоқоти қаблии вазирони умури хориҷии ҳамсояҳои Афғонистон дар шаҳри Теҳрон баргузор шуда буд. Дар он мулоқот ҳайати толибҳо иштирок надоштанд.
Паёми тозаи Аҳмад Масъуд: Ҳарфи толибон ба мо таслим ва байъат буд
Вазири умури хориҷии Русия дар мулоқоти Теҳрон аз ҳамсояҳои Афғонистон даъват кард, ки ҳузури низомии НАТО ва ИМА дар қаламравашонро иҷозат надиҳанд.
Толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон талаб дорад, ки ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанду ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳаққи занон ба таҳсилу кор эҳтиром қоил шаванд.