ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар аввали соли 2022 беш аз 97,7 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин бора Оҷонсии омори кишвар хабар медиҳад.
Аммо ба гуфтаи ин ниҳод, ин рақам дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли 2021 0,3% камтар аст.
Гуфта мешавад, ки бештари биноҳои истиқоматии сохташуда дар вилоятҳои Суғду Хатлон мутаносибан 39,3 ва 34,7 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳанд.
Сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар ҷумҳурӣ асосан аз ҳисоби бахши ғайридавлатӣ анҷом дода мешавад.
Ташкилотҳои пудратӣ дар муҳлати муайяншуда бо қувваи худ бештар аз 1,2 миллиард сомонӣ корҳоро ба ҷо оварданд. Ин назар ба як соли пеш 433,7 миллион сомонӣ зиёд аст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Кодекси нави манзили кишварро имзо кардааст.
Маҷмуи нави қонунҳо асосҳои гирифтани манзил, истифода бурдани он, адои хизмати маишии аҳолӣ, нигоҳ доштани фонди манзили давлатиро танзим мекунанд.
Қайд карда шуд, ки мақсади асосии Кодекси нави манзил инкишоф додани сохтмони манзил дар кишвар мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2021 дар Тоҷикистон барои сохтмони манзил қариб 14,8 миллиард сомонӣ сарф шуда, дар масоҳати 1 миллиону 430 ҳазор метри мураббаъ амволи ғайриманқул бунёд шудааст.