Сиёсатмадори рус гуфт, ки чаро Русия мехоҳад газро бо рубл фурӯшад

Сенатори рус мегӯяд, таҳримҳо, ки мунҷар ба тахриби низоми додуситади иқтисодӣ бо Русия шудаанд, талаби пардохти пули газ бо рублро ба вуҷуд овардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Алексей Пушков, сенатори Русия тасмими кишвараш дар бораи пардохти пули гази табиии интиқолшуда ба кишварҳои ғайридӯст ба рублро бо амали худи онҳо вобаста медонад.
"Таҳримҳо тамоми низоми додуситади иқтисодӣ бо Русияро хароб карданд. Дар баъзе пойтахтҳои Аврупо даъват мекунанд, ки ҳама гуна тиҷорат бо Русия қатъ карда шавад. Русия чораҳои ҷавобӣ меандешад. Бале, ин хуб нест, аммо дар ин ҷо чӣ чизе барои онҳо нофаҳмост?" — навиштааст сиёсатмадор дар шабакаи "Telegram"-и худ.
Ба гуфтаи вай, татбиқи густардаи таҳримҳо аз ҷониби кишварҳои ғайридӯст дигар бо низоми созишномаҳои қаблӣ мувофиқат намекунад.
Рӯзи чаҳоршанбе раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар мулоқот бо аъзои ҳукумат гуфт, ки Маскав пардохтҳо барои гази табиӣ ба кишварҳои ғайридӯстро бо рубл роҳандозӣ мекунад, зеро интиқоли моли Русия ба Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида бо пули онҳо дигар маънӣ надорад.
Дар ҳамин ҳол, Путин гуфт, ки Русия интиқоли газро дар ҳаҷм ва нархҳое, ки дар шартномаҳо муқаррар шудааст, идома медиҳад, зеро ин кишвар нуфузи худро қадр мекунад.
Мақомоти Украина бо Амрико ва Аврупо дар бораи кафолати амниятӣ гуфтугӯ доранд
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.