Путин: Ғарб эътимод ба пулҳои худро аз байн бурд

Раисҷумҳури Русия гуфт, Ғарб худ бо амалкардҳояш эътимод ба арзҳояшро аз даст дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мар – Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, дар ҳафтаҳои ахир бархе аз кишварҳо тасмимҳои ғайриқонунӣ дар мавриди мунҷамид кардани дороиҳои Русияро гирифтаанд ва амалкарди Ғарб мунҷар ба аз даст рафтани эътимод ба арзҳои ин кишварҳои ғарбӣ шудааст.

"Тавре ки шумо медонед, тайи чанд ҳафтаи ахир як қатор кишварҳои ғарбӣ дар мавриди мунҷамид сохтани дороиҳои Русия тасмимҳои ғайриқонунӣ гирифтанд ва ин воқеан дар мавриди эътимоднокии шикофе ба вуҷуд овард. Мо дар ин бора суҳбат кардем ва эътимод ба ин асъор аз даст рафт",- гуфт Путин.

Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо тааҳҳудоти худро дар назди Русия иҷро накарданд ва ҳоло ҷаҳон медонад, ки шояд уҳдадориҳои долларӣ ва евроӣ иҷро нашаванд.
Ӯ ҳамчунин гуфт, содироти коло аз Русия ба Иттиҳодияи Аврупо ва фурӯши он бо асъори хориҷӣ бемаънӣ аст, гази русӣ ба кишварҳои бегона бо рубл фурӯхта мешавад.
Харидуфурӯши нафт ҳам бо рубл сурат мегирад?
Содироти мол ба Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида ва фурӯши он бо доллар, евро ва дигар асъор барои мо дигар маъно надорад.
"Аз ин рӯ ман тасмим гирифтам, ки дар кӯтоҳтарин фурсат маҷмуи тадбирҳоро барои дарёфти пардохтҳо, нахуст барои гази табиии мо аз кишварҳои ба истилоҳ ғайридӯст аз тариқи рубл ба роҳ монам", - гуфт Путин дар мулоқот бо аъзои ҳукумат.
Дар робита ба ин раисҷумҳури Русия ба Бонки марказӣ ва ҳукумат дастур додааст, ки дар давоми як ҳафта тартиби амалиёти хариди рубл дар бозори дохилӣ аз ҷониби харидорони гази Русияро муайян кунанд.