ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Давоми соли 2021 дар Маскав беш аз 146 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи қонунгузории муҳоҷират ошкор шудааст.
Дар ин бора гузориши Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар Маскав дар ҷаласаи Думаи шаҳрӣ шаҳодат медиҳад.
Дар маҷмуъ, дар соли 2021 11 ҳазор далели фаъолияти ғайриқонунии коргарони муҳоҷир ба қайд гирифта шудааст.
Илова бар ин боз 13 ҳазор нақзи меъёрҳои тартиби ҷалби муҳоҷирон ба кор дар Русия ошкор шудааст.
"Мақомоти судӣ дар бораи ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави Федератсияи Русия 1802 қарор бароварда, нисбат ба 10325 нафар шаҳрвандони хориҷӣ хуруҷи мустақили назоратшаванда таъйин кардаанд", — гуфта мешавад дар мавод.
Пулис қайд кардааст, ки тобистони соли 2021 дар пойтахт задухӯрдҳои оммавие бо иштироки муҳоҷирони корӣ рух додаанд.
Ба гуфтаи сардори ситоди пулиси пойтахт, аксари ин муноқишаҳо дар заминаи хонаводагӣ ба вуқуъ мепайванданд.
Қаблан коршиносони Шӯрои амнияти Федератсияи Русия гуфта буданд, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ таҳдиде барои Русия ҳастанд.
Ба гуфтаи коршиносон, хориҷиёне, ки дар қаламрави ин кишвар бидуни ҳуҷҷат қарор доранд, метавонанд ба фаъолияти тахрибкорӣ машғул шаванд.
Дар навбати худ Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, ки барои нақзи қонун ва намоиши ифротгароӣ муҳоҷирон бояд ихроҷ ва дар оянда чунин шаҳрвандон аз ҳаққи вуруд ба қаламрави ин давлат маҳрум карда шаванд.