Дар Тоҷикистон аз селу тармафароӣ ҳушдор доданд

Дар саросари кишвар боридани борону браф ва фаромадани селу тарма дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба далели ноустувории обуҳаво хатари фаромадани селу тарма боқӣ мемонад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

"Дар қаламрави Тоҷикистон рӯзҳои 23 ва 24 март ҳавои ноустувор дар назар дошта шуда, дар баъзе ҷойҳо боришот, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо боридани борону барф дар назар аст", - мегӯянд ҳавошиносон.

Дар назар аст, ки ҳарорати ҳаво рӯзона 10-15 дараҷа паст шавад.
Оҷонсии обуҳавошиносӣ мегӯяд, дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду ВМКБ, инчунин дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва водии вилояти Хатлон хавфи сар задани сел боқӣ мемонад.
Манбаъ ҳамчунин роҳҳои мошингарди Душанбе - Лахш, Душанбе - Кӯлоб, Душанбе - Варзоб ва Айнӣ - Панҷакентро низ хатарзо гуфт.
КҲФ аз фаромадани сел, ҳавои чанголуд ва боди шадид ҳушдор медиҳад
Инчунин дар ин рӯзҳо дар дарёҳои Яхсӯ, Қизилсӯ ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, якбора баланд шудани сатҳи об дар назар аст.
Дар робита ба ин наҷотбахшон аз сокинон хоҳиш мекунанд, ки то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт дар кӯҳҳо, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ кунанд.
Ба ронандагон пеш аз гузаштан аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ маслиҳат дода мешавад, ки аз вазъияти роҳҳо бохабар шуда, мошинҳоро бодиққат барои ҳаракат омода кунанд.