Тасҳили судури визаи транзити Эрон барои шаҳрвандони Афғонистон

Эрон омодааст, судури визаи транзитӣ барои шаҳрвандони Афғонистонро сода бисозад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Давлати Эрон омодааст, судури раводиди транзитиро барои шаҳрвандони Афғонистон тасҳил кунад, то онҳо битавонанд ба кишвари худ биёянд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар ин бора Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Русия ахиран дар дидор бо донишҷӯёни Донишгоҳи федералии Урал хабар додааст.
Донишҷӯёни афғонистонӣ ба сафири Эрон дар Русия суол доданд. Як донишҷӯи афғонистонӣ қайд кард, ки бисёре аз парвозҳо ба Афғонистон, аз ҷумла тавассути Дубай лағв шудаанд ва оё намояндагии дипломатии Эрон метавонад дар ташкили баргашти афғонҳо тавассути Эрон ба Ватан кумак кунад?
Истиқболи толибон аз пешниҳоди Эрон
"Мо мебинем, ки мардуми Афғонистон зиндагии бисёр сангин доранд. Мо ҳар коре, ки барои мардуми Афғонистон лозим аст, анҷом медиҳем, то онҳо бидуни мушкилот аз Эрон ба Афғонистон бираванд" ,- гуфт ӯ дар посух ба суоли ин донишҷӯ.
Бояд гуфт, ки баъд омадани толибон ба сари қудрат садҳо ҳазор афғонитсонӣ дар Эрон паноҳанда шуданд. Раванди фирори шаҳрвандони Афғонистон то ҳол тавассути Эрон идома дорад.