Русбадбинии феълӣ дар кишварҳои Ғарб ин ҳукм барои тамаддуни ғарбист. Ин нуктаро Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар мулоқот бо донишҷӯёну омӯзгорони Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав баён дошт.
"Ҳозир на Украина барои таҳқиру тахриби ҳар чизи русӣ истифода мешавад. Аллакай тамоми ҷаҳон фармони "фас" гирифт, тамоми Ғарби огоҳ, барои доштани шиносномаи русӣ ҳадафи ҳамла қарор мегирад", - изҳор дошт Лавров.
Маврид ба зикр аст, ки 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз карда буд. Дар посух бархе кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои Ғарб алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ карданд.
Президенти Русия, Владимир Путин ҳадафи амалиёти низомӣ дар Украинаро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Вазорати дифои Русия эълон кард, ки танҳо иншооти низомиро ҳадаф қарор медиҳаду барои сокинони осоишта таҳдиде вуҷуд надорад.