ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, бастани дар ба рӯи Аврупо аз худи аврупоиҳо вобаста аст, вале "мо аз онҳо вобаста нестем".
Тавре оқои Лавров қайд кард, Иттиҳодияи Аврупо ҳамкорӣ бо Русияро дар 20 соҳа, сохтмони чаҳор фазои муштарак, кор дар самти либерализатсияи раводид ва ғайраро низ қатъ кард.
Ба гуфтаи вай, ҳоло ҳамоҳанг кардани раванди Иттиҳодияи Иқтисоди АвруОсиё ва ибтикори Чин ҷараён дорад.
Лавров афзуд, Маскав бо Пекин ҳам дар чаҳорчӯби равобити дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби РИК (Русия - Ҳиндустон - Чин), ки то ҳол вуҷуд дорад, робита дорад.
“Дар ин ҷо лоиҳаҳои зиёди ояндадор ба монанди лӯла, инфрасохтор ва нақлиётро амалӣ кардан мумкин аст ва сари онҳо кор бурда мешавад”, - гуфт вазир.
"Агар Аврупо мавқеашро иваз кунад, мо дарро ба рӯи онҳо намебандем. Аммо мо аз касе вобаста нашавем. Аврупо беэътимодии худро ҳамчун шарик нишон дод. Бо кумаки дигар созмонҳо, бахусус Иттиҳодияи Иқтисодии Авросиё, СҲШ, БРИКС ва дигар механизмҳо қавитар мешавем. Мо лоиҳаҳоеро, ки барои амалисозии муштарак ба мо пешниҳод карда мешаванд, аз диди дигар баррасӣ хоҳем кард ", - гуфт Лавров.
Як қатор кишварҳои Ғарб пас аз оғози амалиёти вижаи артиши рус дар Украина бар зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ карданд. Тавре ки қаблан дар Кремл изҳор доштанд, таҳримҳои Ғарб хеле ҷиддӣ ҳастанд, Русия барои муқобила бо онҳо пешакӣ омодагӣ медид. Таҳримҳо таҳлил ва ҳамоҳангсозии мақомоти дахлдорро талаб мекунанд, то чораҳои ҷавобӣ, ки ба манфиати Русияанд, дода шавад.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, сиёсати пешгирӣ ва заиф кардани Русия стратегияи дарозмуддат барои Ғарб аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ хоҳанд зад. Ба фикри ӯ, мақсади асосии Ғарб бадтар кардани зиндагии миллионҳо нафар аст. Путин ҳамчунин гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо амалан уҳдадориҳои худ дар назди Русияро иҷро накарданд ва захираҳои асъорро мунҷамид карданд.