ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, он чӣ дар Украина мегузарад, хоҳиши Амрико аст ва ин кишвар мехоҳад, дар ҷаҳон ҳукмронӣ кунад.
"Ин ҳама (таҳримҳо) барои аз байн бурдани монеа - Русия дар роҳи бунёди ҷаҳони якқутбӣ аст... Ин дар бораи Украина нест, ин дар бораи тартиботи ҷаҳонӣ аст, ки Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, дар он соҳибихтиёри ягона бошад", - гуфт ӯ дар мулоқот бо ҳайати донишҷӯёнии ИМБМ.
Дипломати рус ҳамчунин дар суҳбат бо донишҷӯён аз ҷараёни кунди музокироти Русия ва Украина гуфт. Ба таъкиди ӯ, аз сабабе ки Украина зуд-зуд мавқеи худро тағйир медиҳад, музокирот ба кундӣ пеш меравад.
Ӯ афзуд, дар рафти гуфтушунидҳо ҷониби Украина ҳатто аз пешниҳодҳои худаш низ даст кашида истодааст.
Гуфтушунидҳо миёни Маскав ва Киев, ки пас аз амалиёти низомии 24 феврал оғоз шудаанд, то ҳол идома доранд.
Алъон 4 даври музокирот баргузор шуда, ҷонибҳо мегӯянд, гуфтушунидҳо идома хоҳанд ёфт.
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи амалиёти низомӣ дар Украинаро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Вазорати дифои Русия эълон дошт, ки танҳо иншооти низомиро ҳадаф қарор медиҳаду ба сокинони осоишта таҳдиде вуҷуд надорад.