ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Александр Новак, муовини нахуствазири Русия бар он аст, ки эътимоди тиҷорати нафт бо доллар ва евро бинобар таҳримҳо коста мегардад ва дар оянда харидуфурӯш бояд аз тариқи пулҳои миллӣ сурат гирад, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Ба гузориши рӯзномаи "Wall Street Journal", Арабистони Саудӣ бо Чин дар бораи фурӯши як қисми нафти худ бо юан музокира хоҳанд кард.
Новак ба хабарнигорон гуфт, ки вай ба дурнамои гузаштани шарикони хориҷӣ ба ҳисоббаробаркуниҳо бо пули кишвари содиркунанда ё воридкунанда назари мусбат дорад. Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои русӣ низ ба ин бояд таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.
“Асъор дар шакли доллар ё евро имрӯз ба қадри эътимоднок нест. Мо мебинем, ки маҳдудият вуҷуд дорад ва ин эътимод ба ин асъорҳо коста мекунад. Дар оянда мо бояд тиҷоратро бештар бо пулҳои миллӣ анҷом диҳем. Ин имкон медиҳад, ки эътимоднокии бештарро таъмин намоем”, - гуфт муовини сарвазир.
Ёдрас менамоем, чанде пеш раисҷумҳури Русия дастур дод, ки пардохти пули гази содиршуда бо рубл пардохт шавад.
Ба гуфтаи Путин, Русия аз қабули пули пардохтии гази табиӣ бо асъори созишшуда, аз ҷумла доллар ва евро худдорӣ мекунад.
"Ман тасмим гирифтам, ки дар кӯтоҳтарин фурсат маҷмуи тадбирҳоро барои дарёфти пардохтҳо, нахуст барои гази табиии мо аз кишварҳои ба истилоҳ ғайридӯст аз тариқи рубл ба роҳ монам", - гуфт Путин дар мулоқот бо аъзои ҳукумат.
Дар робита ба ин раисҷумҳури Русия ба Бонки марказӣ ва ҳукумат дастур додааст, ки дар давоми як ҳафта тартиби амалиёти хариди рубл дар бозори дохилӣ аз ҷониби харидорони гази Русияро муайян кунанд.