ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳангоми ҷорӣ кардани таҳримҳо бар зидди Русия бояд “таъсири баръакси онҳоро ба назар гирифт”.
Пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нав аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ бар зидди Маскав Берлин борҳо изҳор кардааст, ки даст кашидан аз манобеи энержии Русия пеш аз муҳлат аст. Аммо онҳо рад накарданд, ки дар сурати бад шудани вазъ ин тасмим гирифта мешавад.
Тавре Шолтс қайд кард, таъсири баръакси таҳримҳо бояд “бартарафшаванда” бошад.
"Шояд маълум шавад, ки мо на дар бораи масъалаҳои кӯтоҳмуддат, балки дар бораи як бархӯрди дарозмуддат ҳарф мезанем. Мо бояд канори як дигар бошем. Аз ин рӯ мавқеи Олмон дар ин масъала бетағйир боқӣ мемонад. Ҳамчунин ин барои дигар кишварҳо низ одилона хоҳад буд, ки аз воридоти нафту газ ва ангишт аз Русия бештар аз Олмон вобастаанд. Касеро дар ин масъала набояд ба ҳоли худ гузорем”, - гуфт садри аъзам.
Шолтс афзуд, ки Аврупо ва шариконаш "сахттарин таҳримҳоеро эъмол кардаанд, ки то кунун алайҳи ҳич як чунин кишвари бузург ҷорӣ нашудааст”.
Ин тадбирҳо, ба гуфтаи ӯ, ба рушди иқтисодии Русия таъсир мерасонанд ва оқибатҳои он аз ин ҳам шадидтар хоҳанд буд.