Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Ҳушдори Антонов аз пайомади таъмини Украина бо силоҳ ва ҷангиён

Сафири Русия дар Вашингтон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва шариконаш аз пайомади интиқоли силоҳ ва ҷангиёни хориҷӣ ба Украина ҳушдор дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Таъмини Киев бо силоҳ ва интиқоли ҷангиёни хориҷӣ ба Украина бемасъулиятӣ ва хатарнок аст, изҳор дошт Анатолий Антонов, сафири Русия дар ИМА дар Telegram".

"Низомисозии Украина ба амнияти Аврупо ва ҷаҳон хатар дорад", - таъкид шудааст дар изҳороти сафир.

Ба гуфтаи Антонов, силоҳ ба Украина ба таври хеле сода интиқол дода мешавад, ки дар натиҷа аслиҳа метавонад дар дасти авбошон, миллатгароён ва террористон қарор гирад.
Сафир суол гузошт, ки оё Ғарб мефаҳмад, сарбурони ҷамъшуда аз тамоми ҷаҳон дар Аврупо, таҷрибаи ҷангии андӯхтаашон дар Украинаро метавонанд дар ватанашон истифода намоянд? Ҳамчунин дастгоҳҳои мудофиаи ҳавоӣ низ метавонанд алайҳи шаҳрвандии мулкӣ истифода шаванд.
Антонов аз пуштибонҳои мухолифат дар Украина даъват намуд, ки ин корашонро хотима диҳанду аз оқибати он фикр кунанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран хабарҳо дар мавриди ҷалби хориҷиён барои муқовимат алайҳи нерӯҳои Русия нашр шуданд. Ба иттилои Вазорати мудофиаи Русия, хориҷиён дар Украина фитнаҳои мусаллаҳона бо силоҳи бадастоварда аз Ғарб анҷом доданиянд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Володин аз Ғарб хост, додани аслиҳа ба Украинаро бас кунад
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.