ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Ван И, вазири умури хориҷии Чин, ки дар нишасти ифтитоҳияи иҷлоси вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Исломобод суҳбат мекард, ба интихоби мардуми Афғонистон эҳтиром дорад ва фасли ҷадидеро дар бозсозии сулҳомез боз хоҳад кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ӯ хотирнишон кард, аз дастёбӣ ба ҳукумати фарогир ва солим дар Афғонистон ҳимоят мекунад.
Меҳвари суханони Ван И, вазири хориҷаи Чин дар нишасти вазирони хориҷаи Созмони Ҳамкории Исломӣ равобити Пекин бо ҷаҳони ислом буд.
Вай гуфт, барои нахустин бор вазири хориҷаи Чин дар нишасти Созмони Ҳамкории Исломӣ суханронӣ мекунад ва аз ин хушҳол аст. ,
Ван И равобити Чин ва ҷаҳони исломро ҳамкориҳои бурднок тавсиф кард.
Вай таъкид кард, ки ин кишвар то кунун бо 54 кишвари исломӣ санадҳои ҳамкорӣ имзо карда, дар 600 тарҳ дар ҳаҷми 400 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.
Қаблан Ван И, вазири умури хориҷии Чин ибтикори "Як камарбанд ва як ҷода"-ро пулу пайванде барои рушду шукуфоии Чин ва кишварҳои исломӣ унвон карда буд.