ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Ҳавои рӯзи сеюми наврӯзӣ дар Тоҷикистон қисман абрнок буда, борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.
Тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти борон ва барф ба амал меояд. Дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм,мешавад, хабар дод "Ховар" аз қавли ҳавошиносон.
Манбаъ афзуд, дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзна 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7+9 дараҷа гарм, рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.