ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби рубли русиро 0,1245 сомонӣ муқаррар кардаст, ки нисбати нишондоди рӯзи қабл баландтар мебошад. Рӯзи гузашта арзиши рубл дар бозори ғайринақдии кишвар 0,1234 сомонӣ муайян шуда буд.
Бар асоси арзномаи Бонки миллӣ, қурби доллар бетағйир - 12,96 сомонӣ боқӣ монда, евро поин рафтаст. Арзиши як евроро Бонки миллӣ 14,2832 сомонӣ муқаррар кардаст. Рӯзи қабл ин нишондод ба 14,3325 сомонӣ баробар буд.
Дар ҳамин ҳол қурби рубл дар бонкҳои тиҷорӣ, ки аксари муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон бо ин асъор маош мегиранду бо он ба Ватан маблағ интиқол медиҳанд, дар бонкҳои тиҷории ҷумҳурӣ бетағйир боқӣ мондаст.
Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" арзиш бетағйир буда, ин бонк барои 1 ҳазор рубл зимни харид ҳамоно 115 сомонӣ ва зимни фурӯш 130 сомонӣ нарх муқаррар кардааст. Ин поинтарин нишондод зимни харид ва баландтарин зимни фурӯш миёни бонкҳои тиҷории кишвар мебошад.
Дар "Спитаменбонк", нишондоди рӯзи қаблӣ ҳифз шуда, 1 ҳазор рубл зимни харид 123,5 сомонӣ ва зимни фурӯш 126 сомониро ташкил медиҳад.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 123,5 ва 125,5 сомонӣ муайян намудааст
Ин дар ҳолест, ки "Алифбонк" қурби рублро нисбати рӯзи қаблӣ поин бурда, зимни харид 122,5 сомонӣ ва зимни фурӯш 128 сомонӣ сари ҳазор рубл муқаррар кардаст. Рӯзе пеш рубл дар ин муассиса бо нархи 123,5 - 129 сомонӣ харидуфурӯш мешуд.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошанд.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.