ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Дар Русия имкони афзоиш ёфтани ҳолатҳои гирифторшавӣ ба коронавирус ҷой дорад, гуфт Петр Чумаков биологи рус.
Номбурда дар суҳбат бо радиои Sputnik ёдовар шуд, ки мавҷи коронавирус бар асари паҳн шудани штамми омикрон ба поён расид.
"Феълан омикрон ягон нафари дигарро сироят накардааст, зеро дар Русия нафаре боқӣ намондааст, ки домангири ин навъ коронавирус нашуда буд. Аз ин рӯ марҳалаи таназзул фаро расидааст", - тавзеҳ дод ӯ.
Ба таъкиди Чумаков, масунияте, ки ҳоло ҳосил шудааст, то се-чор моҳи дигар боқӣ мемонад.
Ӯ бовар дорад, ки коронавирус ҳамчун як зукоми муқаррарӣ боқӣ мемонад.
Қаблан хадамоти матбуотии "Роспотребнадзор" маълумот дар бораи кишварҳоеро паҳн карда буд, ки гирифтори штамми нави хатарноки коронавирус мебошанд. Ба рӯйхати ин ниҳод Чин, Ҷопон, Корея, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Австралия дохил мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки навъи қаблии коронавирус бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана кашф шуда буд. Штамми навро мутахассисон омикрон ном гузоштанд.