ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Алексей Журавко, вакили собиқи Рада мегӯяд, чӣ қадаре ки Владимир Зеленский аз ҳалли мусолиматомези қазия дар Украина худдорӣ кунад, ҳамон қадар хатари дар марзҳои кунунии худ боқӣ намондани кишвар бештар мешавад.
"Зеленский ҳар қадар зудтар парчами сафедро барафрохт, ҳамон қадар барои тамоми Украина ва тамомияти он беҳтар хоҳад буд, ҳамон қадар имкони дар марзҳои кунунӣ боқӣ мондан ва пошхӯрии давлат ҷилавгирӣ хоҳад кард”,- гуфт ӯ ба РИА "Новости".
Ба таъкиди ӯ, Зеленский ҳоло ҳам фармони англосаксонҳо ва амрикоиҳоро иҷро карда, Украинаро водор мекунад, ки қаламравҳои кунунии худро аз даст диҳад.
Ба гуфтаи вай, имрӯз Зеленский мардуми Украинаро ҳамчун “туъмаи тӯп” истифода мебарад. "Бадтарин чиз ин аст, ки Зеленский мардуми Украинаро зери зарба қарор медиҳад",- гуфт Журавко.
Ёдовар мешавем, Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба ин далел Русия "безараргардонӣ ва нозизудоии Украина"-ро анҷом медиҳад ва қасд дорад, тамоми ҷинояткорони ҷангиро, ки барои "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс масъуланд, ба ҷавобгарӣ кашад.
Вазорати дифои Русия мегӯяд, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд. Путин таъкид кард, ки дар бораи ишғоли Украина гап нест.