ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Гурӯҳҳои наҷотбахш то ҳол ягон нафари зиндамонда пас аз суқути ҳавопаймои мусофирбарии "Boeing 737"-и ширкати "China Eastern Airlines" дар ҷануби Чинро пайдо накардаанд.
Дар ин бора Чжу Тао, сухангӯи идораи авиатсияи граждании ин кишвар ба хабарнигорон иттилоъ додааст.
"Дар ҳавопаймо 123 мусофир буда, дар миёни онҳо шаҳрванди хориҷӣ набуд. Ҳайати экипаж аз 9 нафар иборат буд. То имрӯз касе аз онҳо зинда пайдо нашудааст", - гуфт ӯ дар нишасти хабарӣ.
Ҳавопаймо дар баландии 8,9 километр парвоз мекард ва соати 14:20 дақиқа диспетчерҳо пай бурданд, ки он хеле паст фаромадааст, борхо хостанд, ба экипаж занг зананд, вале аз тараф посухе дарёфт накарданд.
Зимнан, соати 14:23 дақиқа ҳавопаймо аз радар нопадид шуд.
Гуфта мешавад, ин ҳавопаймо то суқут кардан беш аз 8,9 ҳазор парвоз анҷом дода, тӯли умумии парвозҳояш беш аз 18 ҳазор соатро ташкил медод.
Қаблан расонаҳои чинӣ фарзияи суқути ҳавопаймо дар музофоти Тенгсиани Вучжоуро мунташир карда буданд.
Ба гузориши рӯзномаи чинии "Ҳуантмю Шибао", сабаби суқути ҳавопаймои "China Eastern Airlines" эҳтимол аз кор мондани муҳаррикаш дар ҳаво бошад.