Муҳоҷирони дорои шаҳодатномаи ронандагии хориҷиро аз таксиронӣ манъ карданиянд

Ба гуфтаи ташаббускорон, фаъолияти таксиронҳои дорои шаҳодатномаи ронандагии ғайрирусӣ боиси хидматрасонии сатҳи поин ва номувофиқ дар Русия мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Муҳоҷирон аз рондани таксӣ бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ манъ карда шаванд.
Ин пешниҳодро роҳбари Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башари назди президенти Федератсияи Русия Валерий Фадеев баён дошт. Ӯ ба сарвазири ин кишвар Михаил Мишустин ба чунин мазмун муроҷиат кардааст.
Фадеев тавзеҳ дод, ки Шӯрои ҳуқуқи инсон аз ворид намудани тағйирот ба моддаи 7-уми лоиҳаи Қонуни федералӣ "Дар бораи танзими давлатии ҳамлу нақл тавассути таксиҳои автомобилӣ ва фаъолияти хадамоти фармоишгари таксиҳои автомобилӣ ва ворид намудани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Русия" ҷонибдорӣ мекунад.
Муҳоҷирони ғайриқонуниро таҳдид ба Русия номиданд
Дар ҳоли ҳозир ин санад аз сӯйи вакилони Думаи давлатӣ баррасӣ мешавад.
Дар навбати худ, узви Шӯрои ҳуқуқи инсон Кирилл Кабанов гуфт, ки сифати паст ва номақбули ронандагӣ дар сурати шаҳодатномаи хориҷӣ доштани ронандагони таксӣ боқӣ мемонад.
Ғайр аз ин шӯро таклиф кард, ки сифати мошинҳо ва ҳолати ронандагон назорат шавад. Чунин навоварӣ ба муборизаи зиддибекорӣ мусоидат мекунад.
Як минтақаи дигари Русия кори муҳоҷиронро дар таксӣ манъ кард
Ёдовар мешавем, Русия ягона кишварест, ки дар он ҳамлу нақли тиҷоратӣ бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ иҷозат дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки қаблан раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба нақлиёт ва рушди зерсохтори нақлиёт Евгений Москвичев манъи кори муҳоҷирон дар таксиҳо дар саросари Федератсияи Русияро имконпазир дониста буд.